Қатъи пешазмӯҳлати ваколатҳои ду вакили Маҷлиси пойтахт

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи санаи 25 сентябр даъват кардани иҷлосияи навбатии 12-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, дар иҷлосия ба масъалаи омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар ин бора ҳисоботи муовини раиси пойтахт Фаррух Ҷумъазода шунида мешавад.

Ҳамчунин дар иҷлосия қатъи пешазмуҳлати ваколатҳои Фазлиддин Маҳмудов бо хоҳиши худаш, ки моҳи марти соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии №58 интихоб шуда буд, дар назар аст. Он замон ӯ ба ҳайси раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозстрой» кор мекард.

Вакил Ситора Шерова, ки аз ҳавзаи интихоботии №67 вакили Маҷлиси интихоб шуда буд, низ ихтиёрӣ ваколатҳои худро қатъ мекунад.

Ваколатҳои Тоҳир Мирзоев, ки аз ҳавзаи интихоботии №61 ба Маҷлиси шаҳр вакил интихоб шуда буд, бо сабаби маргаш қатъ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...