Қатъи пешазмӯҳлати ваколатҳои ду вакили Маҷлиси пойтахт

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи санаи 25 сентябр даъват кардани иҷлосияи навбатии 12-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, дар иҷлосия ба масъалаи омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар ин бора ҳисоботи муовини раиси пойтахт Фаррух […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи санаи 25 сентябр даъват кардани иҷлосияи навбатии 12-уми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор ба имзо расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, дар иҷлосия ба масъалаи омодагӣ ба мавсими гармидиҳӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, дар ин бора ҳисоботи муовини раиси пойтахт Фаррух Ҷумъазода шунида мешавад.

Ҳамчунин дар иҷлосия қатъи пешазмуҳлати ваколатҳои Фазлиддин Маҳмудов бо хоҳиши худаш, ки моҳи марти соли 2015 аз ҳавзаи интихоботии №58 интихоб шуда буд, дар назар аст. Он замон ӯ ба ҳайси раиси Шӯрои ҷумҳуриявии «Тоҷикколхозстрой» кор мекард.

Вакил Ситора Шерова, ки аз ҳавзаи интихоботии №67 вакили Маҷлиси интихоб шуда буд, низ ихтиёрӣ ваколатҳои худро қатъ мекунад.

Ваколатҳои Тоҳир Мирзоев, ки аз ҳавзаи интихоботии №61 ба Маҷлиси шаҳр вакил интихоб шуда буд, бо сабаби маргаш қатъ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.