АНОНС
– Дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Панҷшер» (Ҳисор) баргузор мешавад. Оғоз соати 19:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 8.8001 сомонӣ;
1 евро – 10.5188 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1499 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
2008 — Дар қароргоҳи ҳукуматии Тоҷикистон «Пуғус» Форуми III-уми зиёиёни олим ва эҷодкор доир гардид.
2010 — Дар Душанбе ҷашнвораи «Фазои иттиҳод» баргузор шуд.
2013 — Эмомалӣ Раҳмон Созишнома дар бораи пойгоҳи низомии 201-умро ҷиҳати тасдиқ ба парлумон пешниҳод намуд.
1912-1996 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мусиқинавоз Мирзоқурбон Солиев.
1934 – Мавлуди журналист Чоршанбе Мамадсаидов.
1937 – Зодрӯзи доктори илмҳои физикаю математика, профессор Саид Аҳмадов.
1950 – Мавлуди математик, профессор Абдурасул Сатторов.
1938 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ Зиёратшо Акобиров.
1960 – Мавлуди шоир Равшан Ҳамроҳ.
ВАЗЪИ ОБУҲАВО
Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +16+21.
Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат дар назар аст, дар шарқ баъзан боришот (борону барф).
Ҳарорат: дар ғарб шабона +6+11, рӯзона +22+27; дар шарқ шабона -4+1, рӯзона +9+14.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ — Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +30+35; дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +23+28.
Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +30+32.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +24+26.


