Рақобати футболбозони ҷавони тоҷик бо дастаҳои Мексика, Чин ва Уммон

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев субҳи рӯзи 17 сентябр ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017» ба Чин раҳсипор шуд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 20-24 сентябр дар шаҳри Сюйзини Чин доир гардида, дар он ба ҷуз […]

Asia-Plus

Мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев субҳи рӯзи 17 сентябр ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии «The 3rd Chang An Ford Cup International Youth Football Tournament 2017» ба Чин раҳсипор шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 20-24 сентябр дар шаҳри Сюйзини Чин доир гардида, дар он ба ҷуз дастаи Тоҷикистон, тимҳои соҳибони майдон – Чин, Мексика ва Уммон низ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад,  бозии аввалро футболбозони тоҷик санаи 20 сентябр – бо Мексика, бозии дуюмро санаи 22 сентябр – бо Чин ва бозии охирро рӯзи 24 сентябр – бо тими Уммон доир мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар иборат аст.

Иштироки мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон дар ин мусобиқа яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2018 маҳсуб меёбад, ки аз 31 октябр то 8 ноябр дар Ҳисор доир мегардад.

Дар марҳилаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба мусобиқаи Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тимҳои Бангладеш (31 октябр), Шри-Ланка (4 ноябр), Малдив (6 ноябр) ва Ӯзбекистон (8 ноябр) рақобат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.