Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ оби Тоҷикистонро бемаза мегӯянд

Дар маросими муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ сардори Раёсати сиёсати обӣ-энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Холматов изҳор кард, ки таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ дар сатҳи паст қарор дошта, танҳо 58%-и аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ доранд. Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, ки «таркиби […]

Asia-Plus

Дар маросими муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои таъмини оби нӯшокӣ сардори Раёсати сиёсати обӣ-энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Холматов изҳор кард, ки таъмини аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ дар сатҳи паст қарор дошта, танҳо 58%-и аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ доранд.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ таъкид кардаанд, ки «таркиби оби ошомиданӣ дар Тоҷикистон аз бактерияҳои колиформӣ иборат буда, сифати таъмаш паст аст».

Намояндагони Тоҷикистон қайд карданд, ки дар ин самт барқарор кардани зербино зарур аст, ки барои ин воситаҳои хеле зиёд лозиманд.

«Беш аз 70%-и зербинои таъмини об бо шумули зербинои шаҳрӣ фарсуда шуда, ба барқарор кардан ва азнавсозӣ ниёз дорад, – гуфт Далер Холматов. – Ҳамаи ин ба бадшавии сифати об мусоидат намуда, ба солимии аҳолӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад».

Номбурда зикр кард, ки соҳаи таъминот бо об ва санитария барои давлат яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ҳаллу фасли мушкилот дар ин бахш вазифаи аввалиндараҷа шуморида мешавад.

Муовини аввали роҳбари КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Равшан Тӯйчизода қайд кард, ки барои барқарор кардани низоми таъминот бо об ва риояи қоидаҳои санитарӣ дар ҷумҳурӣ 2 млрд. доллар маблағ зарур аст, ки 1 млрд. 700 млн. доллараш ба барқарор кардани низоми таъмини об ва обу корез лозим аст.

«Айни замон дар 30 шаҳру навоҳӣ дар самти барқарор кардани низоми таъмини об ва обу корез корҳо ҷараён доранд, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёгии рушд маблағгузорӣ шудааст», – гуфт Тӯйчизода.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.