Сафорат: муҳоҷири аз ҷониби посбонон латукӯбшуда зинда аст

Муҳоҷири тоҷик сокини 27-солаи ноҳияи Балҷувон Наврӯз Каримов, ки аз ҷониби посбонони маркази савдои «Москва» мавриди лату кӯб қарор гирифт, зинда буда, вале табибон ҳолаташро вазнин арзёбӣ мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин робита хабар доданд, ҷабрдида дар бемористони №68-и шаҳри Маскав бистарӣ шуда, кормандони сафорат ба аёдати ӯ рафтаанд. […]

Asia-Plus

Муҳоҷири тоҷик сокини 27-солаи ноҳияи Балҷувон Наврӯз Каримов, ки аз ҷониби посбонони маркази савдои «Москва» мавриди лату кӯб қарор гирифт, зинда буда, вале табибон ҳолаташро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин робита хабар доданд, ҷабрдида дар бемористони №68-и шаҳри Маскав бистарӣ шуда, кормандони сафорат ба аёдати ӯ рафтаанд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия ба таҳқиқи ҳодисаи муноқиша назди маркази савдои «Москва» бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон машғуланд.

Қаблан як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки аз ҷароҳатҳои бардошта Наврӯз Каримов дар бемористон ҳалок шудааст.

Дар ин ҳодиса посбонҳои бозори "Москва” аз ширкати "Витязь” ба Наврӯз Каримов дарафтодаанд, ки чаро ӯ бидуни иҷозат аз як растаи бозор ба растаи дигараш бор мекашонад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи чоршанбе мақомоти пулис беш аз 50 нафарро назди маркази савдои «Москва» дар пойтахти Русия боздошт намуд. Сабаби ҷамъшавии муҳоҷирон назди маркази савдо лату кӯби муҳоҷири машғул ба боркашӣ дар марказ буда, ҳамватанони ӯ бо посбонон ин масъаларо ба миён гузоштанӣ буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст