Раҳоии собиқ сарвазири 10 сол маҳкумшудаи Қазоқистон аз зиндон

Сарвазири пешини Қазоқистон Серик Ахметов, ки соли 2015 бо айби "фасодкорӣ" 4 солу 26 рӯз аз озодӣ маҳрум гашта буд, имрӯз, 21 сентябр, тақрибан баъди ду сол аз зиндон озод шуд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳ чанде қабл муҳлати боқимондаи ҷазои Ахмедовро ба ҳабси хонагӣ тағйир дод. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сарвазири пешини Қазоқистон Серик Ахметов, ки соли 2015 бо айби "фасодкорӣ" 4 солу 26 рӯз аз озодӣ маҳрум гашта буд, имрӯз, 21 сентябр, тақрибан баъди ду сол аз зиндон озод шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додгоҳ чанде қабл муҳлати боқимондаи ҷазои Ахмедовро ба ҳабси хонагӣ тағйир дод. Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, сарвазири пешини Қазоқистон ба рӯзноманигороне, ки пушти дари зиндон қарор доштаанд, гуфтааст, "ба хона меравад".

Гуфта мешавад, сарвазири пешин моҳи декабри соли 2015 дар дуздии маблағи буҷа, сӯистифода аз мақоми хизматӣ ва ғайриқонунӣ ба соҳибкорӣ машғул шудан айбдор шуда, бо мусодираи молу мулк 10 сол равонаи зиндон гардид. Дар маҷмуъ аз рӯи ин парванда 21 нафар дар додгоҳ муҳокима шуданд.

Вакилони Серик Ахметов моҳи марти соли 2016 аз болои ҳукми додгоҳ шикоят карданд ва дар натиҷа муҳлати зиндони сарвазири пешин кам шуд. Ибтидои сол хабар расид, бар пояи қонуни авф муҳлати зиндони Серик Ахметов дубора кам гардидааст.

Додгоҳи вилояти Қарағандаи Қазоқистон хабар медиҳад, ки бино бар "рафтори шоиста"-и Серик Ахметов ва пардохти комили зарари молӣ шакли адои ҷазои вай тағйир дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст