Пешгирии қочоқи 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ аз Қирғизистон

Date:

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд қочоқи 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ба қаламрави кишварро пешгирӣ карданд.

Тавре дар сомонаи расмии Хадамоти гумрук дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар қаламрави ноҳияи Ҷаббор Расулов автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз» боздошт ва зимни азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелии истеҳсоли Қирғизистон муайян карда шудааст.

Гуфта мешавад, ин миқдор мол ба шаҳрванд М.У. соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ношинос, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Тоҷикистон намудааст харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ интиқол диҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд М.У. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...