Пешгирии қочоқи 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ аз Қирғизистон

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд қочоқи 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ба қаламрави кишварро пешгирӣ карданд. Тавре дар сомонаи расмии Хадамоти гумрук дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар қаламрави ноҳияи Ҷаббор Расулов автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз» боздошт ва зимни азназаргузаронӣ дар […]

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд қочоқи 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ ба қаламрави кишварро пешгирӣ карданд.

Тавре дар сомонаи расмии Хадамоти гумрук дар ин робита иттилоъ дода мешавад, дар қаламрави ноҳияи Ҷаббор Расулов автомашинаи боркаши тамғаи «Камаз» боздошт ва зимни азназаргузаронӣ дар бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 10 ҳазор литр сӯзишвории дизелии истеҳсоли Қирғизистон муайян карда шудааст.

Гуфта мешавад, ин миқдор мол ба шаҳрванд М.У. соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов тааллуқ дошта, номбурда онро аз ҳудуди деҳаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз як шахси ношинос, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Тоҷикистон намудааст харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷатгузории гумрукӣ барои фурӯш ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ интиқол диҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд М.У. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.