Бозбинии парвандаи қурбонии «тарбия»-и сарбоз Мақсуд Носиров

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи Мақсуд Носировро ба рӯзи дигар мавқуф гузошт. Бино ба иттилои сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим бо сабаби зарурати пурсиши равоншинос, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, баррасии парвандаро ба рӯзи 27-уми сентябр, соати 9:00 […]

Notorturetj.org

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи Мақсуд Носировро ба рӯзи дигар мавқуф гузошт.

Бино ба иттилои сомонаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим бо сабаби зарурати пурсиши равоншинос, ки ҳаҷми зарари маънавӣ тибқи хулосаи ӯ муайян гардидааст, баррасии парвандаро ба рӯзи 27-уми сентябр, соати 9:00 ба таъхир гузошт.

Ба иттилои адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев, аввали моҳи июли соли ҷорӣ бо аризаи даъвогӣ оид ба рӯёнидани зарари маънавӣ ба суд муроҷиат карда шудааст, ки 429 ҳазору 400 сомонӣ аз ҳисоби Сарраёсати қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида шавад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки “мо интизор дорем талаботи даъвогиямон бо назардошти он зарари маънавӣ, ки ба даъвогар расонида шудааст, ба таври пурра аз ҷониби суд қонеъ карда мешавад. Ман чунин мешуморам, ки талаботи мо ба принсипи оқилонаву одилона ҷавобгӯ мебошад”.

Мурот Носиров, падари Мақсуд Носиров мегўяд, ки “зарари моддию маънавиро ман талаб дорам, чизи дигаре не, ҳақиқат будагист. Ба суд бовар мекунам. Адолат будагист”.

Ёдрас мешавад, ки санаи 27-уми январи соли 2014 чанде аз хизматчиёни ҳарбии дидбонгоҳи марзии қисми низомии 2587, воқеъ дар ноҳияи Спитамен бо мақсади “тарбия намудан” сарбозони ҷавонро саф кашонда, ба гулӯву дигар аъзои бадани ҳар кадоми онҳо зарба заданд. Пас аз ин зарбаҳо сарбоз Мақсуд Носиров беҳуш шуда, ӯро ба шуъбаи хуфтухези сарбозон мебаранд, ки дар он ҷо ӯ ба ҳуш наомада, ба ҳалокат мерасад. Бар асоси ташхиси судиву тиббӣ, Мақсуд Носиров ба иллати ҷароҳатҳои вазнин бардоштан дар ҷисмаш (хунравии дохилӣ, хунравии рӯдаи борик ва ғайра) ба ҳалокат расидааст.

https://www.youtube.com/watch?v=xnnKy3cvIwk

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд аз 8-уми майи соли 2014 М. Юнусов ва Н. Шарифзода дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в, д» (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва Ш. Нуров ва Б. Шераев мутобиқи моддаи 373, қ. 2, б. «б, в» гунаҳкор дониста шуда, ин сарбозони собиқадор ба муҳлати аз 5 то 7,5 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.