Узви ҳакамон аз Тоҷикистон дар маркази ҷанҷоли озмуни SILK WAY STAR

Дар наворбардории барномаи сеюми шоуи телевизионии SILK WAY STAR дар Алмаато узви ҳакамон аз Тоҷикистон Фейруз Ҳакимов тамошобинонро ба шигифт оварда, атрофаш сарусадоҳои зиёде пайдо шуд. Гап сари он аст, ки ӯ ба овозхони маъруфи Қазоқистон Ойкин Толепберген барои ҳунарнамоиаш дар озмун баҳои пасттарин – якро лоиқ дониста, бо ин амал толорро ба қаҳр овард. […]

Cаодат Раҳимӣ, Asia-Plus

Дар наворбардории барномаи сеюми шоуи телевизионии SILK WAY STAR дар Алмаато узви ҳакамон аз Тоҷикистон Фейруз Ҳакимов тамошобинонро ба шигифт оварда, атрофаш сарусадоҳои зиёде пайдо шуд.

Гап сари он аст, ки ӯ ба овозхони маъруфи Қазоқистон Ойкин Толепберген барои ҳунарнамоиаш дар озмун баҳои пасттарин – якро лоиқ дониста, бо ин амал толорро ба қаҳр овард. Ӯро ба бевиҷдонӣ ва бесалоҳиятӣ айбдор карда, дар идома фарёдҳои таҳқиромез садо доданд, аммо ба гуфтаи худи Фейруз, ӯ ҳамаи инро хуб дарк намуда, аз касе намеранҷад.

Дар доираи даври дуюми озмуни «Мировой хит» иштирокчӣ аз Қазоқистон Ойкин Толепберген суруди Элвис Пресли «Heartbreak Hotel»-ро иҷро кард, ки комилан ба узви ҳакамон аз Тҷикистон писанд наомад:

– Аз ҳунарнамоии Ойкин ман қаноатманд нестам. Суруд начандон бад иҷро шуд, лекин сароидан ва ҳаракатҳои ӯ дар саҳна, ба андешаи ман, ба муҳтавои рок-н-ролл созгор набуданд, – гуфт Ҳакимов. – Дастандаркорони озмун моро барои он интихоб карданд, ки натанҳо ба вокал, балки ба дигар ҷиҳатҳои ҳунари иштирокчиён низ баҳогузорӣ кунем, на барои он ки барои кишвари қабулкунанда будан, ба намояндагони Қазоқистон баҳои баланд гузорем.

Қобили зикр аст, ки намояндаи Тоҷикистон дар ин озмун Сафармуҳаммад Қодирӣ таронаи «All of me»-и Ҷон Леҷендро ба иҷро расонида, ба баҳоҳои баланди аъзои ҳакамон соҳиб шуд ва аз рӯи натиҷаҳои даври дуюм яке аз зинаҳои пешсафро ишғол мекунад.

Барномаи мазкур аз 12 марҳила иборат буда, муддати се моҳ дар Алмаато доир мегардад. Дар наворбардории барнома намояндагони Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Гурҷистон, Бошқирдистон, Тотористон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.