Кумаки Чин ба таҳкими посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон

Чин ба Тоҷикистон дар таҳкими посбонии марзи давлатӣ бо Афғонистон кумак мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар доираи баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол дар шаҳри Пекин вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го Шенкун дидору гуфтушунид кард. Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду вазоратро […]

Asia-Plus

Чин ба Тоҷикистон дар таҳкими посбонии марзи давлатӣ бо Афғонистон кумак мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД ҶТ, дар доираи баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол дар шаҳри Пекин вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода бо вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го Шенкун дидору гуфтушунид кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду вазоратро дар асоси шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба махсусан мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои трансмиллӣ, ҳамчунин масъалаҳои дастгир намудани ҷинояткорони дар кофтуковбударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо вазъияти сиёсӣ ва криминогении Афғонистон, пешгирии амалҳои ҷинояткорона дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар таҳдиду хатарҳои замони муосирро муҳокима намуданд.

Вазири бехатарии ҷамъиятии Чин Го ҷиҳати кӯмак дар тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои фаромиллӣ ибрози омодагӣ намуда, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар пурзӯр намудани сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон Чин кӯмаки амалии худро мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.