Кумаки ҳукумати Ҷопон ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ Дилшод Назаров, ёвари сардори Котиботи Ситоди бозиҳои Олимпӣ ва Параолимпӣ Рёсуке Андо ва котиби Генералии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Ширинҷон Мамадсафоев  дар маросими бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳаи “Таъмини таҷҳизот барои марказҳои варзишии дзюдо” ширкат варзиданд. Лоиҳаи мазкур бо маблағи […]

Иттилоияи расмӣ

Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ Дилшод Назаров, ёвари сардори Котиботи Ситоди бозиҳои Олимпӣ ва Параолимпӣ Рёсуке Андо ва котиби Генералии Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Ширинҷон Мамадсафоев  дар маросими бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳаи “Таъмини таҷҳизот барои марказҳои варзишии дзюдо” ширкат варзиданд.

Лоиҳаи мазкур бо маблағи умумии 90,906 доллари ИМА тавассути кӯмакҳои бебозгашти фарҳангии Ҳукумати Ҷопон ва ҳамчун қисми таркибии барномаи “ВАРЗИШ БАРОИ ФАРДО” иҷро карда шуд.

Лоиҳаи “Таъмини таҷҳизот барои марказҳои варзишии дзюдо” хоса барои фароҳам овардани шароити муносиб барои варзишгарони ҷавони дзюдо ва беҳсозии ҳолати толорҳои барои мусобиқа таҳия гаштааст.

Тибқи лоиҳа беш аз 1900м2 “татами” барои “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудгохи гӯштин” шаҳри Душанбе,  Кохи варзишии Хоруғ, Маркази омӯзишии дзюдои Қайроқум ва Толори варзишии дзюдо ва гӯштин дар Хуҷанд ҷудо карда шуд. Насби татамиҳои нав заминаи фаъолияти Федератсияи дзюдоро дар саросари кишвар беҳтар менамояд.

Тавассути барномаи Ҷопон “ВАРЗИШ БАРОИ ФАРДО” як қатор лоиҳаҳо дар саросари ҷаҳон амалӣ мешаванд. Барнома ба густариш ва ҳавасманд гардондани варзиш, минҷумла ҳаракати Олимпӣ ва Паралимпӣ барои одамони насли гуногун, аз ҷумла ҷавонони ояндасоз равона шудааст.

Барнома дар давраи солҳои 2014 – 2020 амалӣ гашта, беш аз 10 миллион нафарро дар зиёда аз 100 кишвари дунё дар бар мегирад. Босамар ва бомуваффақ амалӣ намудани барномаи “ВАРЗИШ БАРОИ ФАРДО” то Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпии Токио 2020 аз шумули ӯҳдадориҳои Ҳукумати Ҷопон мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.