Суғд: ҳалокати модару ду кӯдаки ноболиғ бар асари сӯхтор

Шаби 30-юми сентябр бар асари сӯхтор дар манзили як сокини шаҳраки Консой воқеъ дар 20-километрии шимоли шаҳри Хуҷанд, ду кӯдаки ноболиғ ва модари онҳо, ҷон бохтанд. Аз идораи оташнишонии шаҳри Гулистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки қурбониёни ин ҳодиса модари ин хонадон Маҳлиё Урузалиев ва ду фарзандаш Ҳасани 3-сола ва Азизаи 1-сола мебошанд. Акмал Тошматов, […]

Радиои Озодӣ

Шаби 30-юми сентябр бар асари сӯхтор дар манзили як сокини шаҳраки Консой воқеъ дар 20-километрии шимоли шаҳри Хуҷанд, ду кӯдаки ноболиғ ва модари онҳо, ҷон бохтанд.

Аз идораи оташнишонии шаҳри Гулистон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки қурбониёни ин ҳодиса модари ин хонадон Маҳлиё Урузалиев ва ду фарзандаш Ҳасани 3-сола ва Азизаи 1-сола мебошанд.

Акмал Тошматов, корманди Идораи сӯхторхомӯшкунии шаҳри Гулистон изҳор доштааст, ки дар ин ҳодиса падари хонадон Мамарасул Урузалиева ва дигар аъзои хонавода, ки дар утоқи дигар хоб буданд, осеб надиданд.

Ба гуфтаи вай, Ҳасан ва Азиза дар ҷои ҳодиса ҷон бохта ва Фотимаи 3-сола дар бахши эҳёи беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ аст ва ҳолаташ вазнин арзёбӣ мешавад.

Ба иттилои Хадамоти оташнишонии Суғд, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи мутахассисони ин ниҳод ва Сарраёсти Хадамоти оташнишонии Тоҷикистон ба ҷои ҳодиса рафта ва сабаби сар задани сӯхторро таҳқиқ мекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.