Пешгирии қочоқи беш аз 100 кило маводи мухаддир аз Афғонистон

Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз қочоқи миқдори зиёди маводи муххаддир ба ҷумҳурӣ пешгирӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ҳафтаи гузашта марзбонон бо кормандони КДАМ дар минтақаи муҳофизати сарҳадии Отряди сарҳадии “Шурообод” 2 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводҳои мухаддирро аз Афғонистон ба қаламрави кишвар пешгирӣ намуданд. Гуфта мешавад, дар натиҷаи […]

Наим Халимов

Дар марзи давлатии Тоҷикистону Афғонистон аз қочоқи миқдори зиёди маводи муххаддир ба ҷумҳурӣ пешгирӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, ҳафтаи гузашта марзбонон бо кормандони КДАМ дар минтақаи муҳофизати сарҳадии Отряди сарҳадии “Шурообод” 2 ҳолати интиқоли ғайриқонунии маводҳои мухаддирро аз Афғонистон ба қаламрави кишвар пешгирӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-иктишофӣ дар ҳар ду ҳолат аз ҷониби гурӯҳи номаълуми қочоқбарони афғон, ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводҳои нашъаовар бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони КДАМ ҶТ рӯ ба рӯ мешаванд.

Ба иттилори манбаъ, қочоқбарони афғон ба амри сарҳадбонон итоат накарда,  байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ меояд, ки дар натиҷаи задухӯрд қочоқбарон ба муқовимати сарҳадбонон тоб оварда натавониста, аз торики шаб истифода бурда ба самти Афғонистон фирор карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодисаҳо, 29 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 2 кг афъюн, 76 кг бангдона дарёфт ва мусодира карда шуда, оид ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.