Даъвати навбатии Тоҷикистон ба оғози амалисозии лоиҳаи CASA-1000

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 бо иштироки вазирони энергетикаи кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Бонки исломӣ ва USAID баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон […]

Asia-Plus

Дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 бо иштироки вазирони энергетикаи кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Бонки исломӣ ва USAID баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, зимни суханронии хеш намояндагони кишварҳои иштирокчии лоиҳаро барои таъмини  ҳарчӣ зудтари оғози татбиқи тиҷоратии  Лоиҳаи CASA-1000 даъват кард.

Гуфта мешавад, ӯ инчунин таъкид кард,  ки зимни вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Лоиҳаи CASA-1000, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барпо гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо  ба хулосае расиданд, ки   марҳилаи оғози  Лоиҳа  ҳарчи зудтар сурат гирад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000  ҳамчунин санади  тендер барои оғози сохтмони Лоиҳа дар ҳудуди Афғонистон тасдиқ карда шуд.

Дар вохӯрии сарони кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 моҳи июли соли равон дар Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар ин самт ҳарчи зудтар қарорҳои дахлдор қабул шуда, бунёди ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор кишвар оғоз гардад.

Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки сохтмони зиёда аз 1342 км хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва истифодаи таҷҳизоти навтарин дар назди мутахассисони соҳаи энергетика вазифаҳои иловагӣ ва ҷиддӣ гузошта, барои ҳалли саривақтии онҳо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои Лоиҳа ва шарикони рушд муҳим аст.

Анҷоми амалисозии лоиҳаи CASA-1000 соли 2020 ба нақша гирифта шуда, маблағи зарурӣ барои татбиқи он 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.