Ифтитоҳи намояндагии Хадамоти гумруки Русия дар Душанбе

Зимни вохӯрии сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб бо роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Владимир Булавин дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои фаъолияти муштарак дар самти таъсиси роҳу воситаҳои табодули маълумоти омориро оид ба тиҷорати […]

Asia-Plus

Зимни вохӯрии сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб бо роҳбари Хадамоти федералии гумруки Русия Владимир Булавин дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои фаъолияти муштарак дар самти таъсиси роҳу воситаҳои табодули маълумоти омориро оид ба тиҷорати мутақобила дар шакли электронӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, доир ба эътирофи натиҷаҳои назорати гумрукӣ нисбати навъҳои муайяни маҳсулот санади дахлдор ба имзо расид.

Гуфта мешавад, бо дарки зарурати табодули маълумот тариқи механизми электронӣ ҷонибҳо дар мавриди суръат бахшидан ба анҷоми расмиёти гумрукӣ ва ташкили вохӯриҳои дуҷониба ба мувофиқа расиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили мувофиқасозии санадҳои дуҷониба, табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти гурӯҳҳои задамал, тақдими воситаҳои нақлиёти автомбилӣ ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар доираи кумаки техникӣ, ифтитоҳи намояндагии Хадамоти федералии гумруки Русия дар Тоҷикистон низ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио