Бархӯрди қатора ба автобус дар Владимир. Ҳалокати 20 шаҳрванди Ӯзбекистон

Бар асари бархӯрди қатора ба автобус дар вилояти Владимири Русия на камтар аз 20 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳалок шуданд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад. Ин ҳодиса соати 3:20 дақиқаи шаби 5 ба 6-уми октябр дар истгоҳи Покров рух дода, замони бархӯрд автобус дар гузаргоҳи роҳи оҳан зимни сурх будани чароғак истода будааст. Намояндагони ВКД […]

Asia-Plus

Бар асари бархӯрди қатора ба автобус дар вилояти Владимири Русия на камтар аз 20 шаҳрванди Ӯзбекистон ҳалок шуданд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

Ин ҳодиса соати 3:20 дақиқаи шаби 5 ба 6-уми октябр дар истгоҳи Покров рух дода, замони бархӯрд автобус дар гузаргоҳи роҳи оҳан зимни сурх будани чароғак истода будааст. Намояндагони ВКД изҳор кардаанд, ки автобус вайрон шудааст.

Котиби матбуотии губернатори вилояти Владимир Рита Шляхова гуфтааст, автобус бо рақамҳои Қазоқистон дар аломати манъшудаи чароғак ба гузаргоҳи роҳи оҳан баромада, дар болои он таваққуф мекунад.

Автобус аз Қазоқистон ва қатора аз Санкт-Петербруг ба Нижний Новогород раҳсипор буда, замони садама наздики 50 нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон дар дохили он қарор доштаанд, ки аксарашон хоб будаанд.

Каме пештар аз бархӯрд бисёриҳо аз фарёди ронанда бедор ва ба берун баромада, кӯшиш кардаанд, ки автобусро тела дода, аз бархӯрд пешгирӣ намоянд.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба як манбаъ дар хадамоти ёрии таъҷилии тиббии минтақа хабар дод, ки шумори фавтидагон бар асари бархӯрди автобус бо қатора дар Владимир тибқи маълумоти пешакӣ ба 20 нафар расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса санҷиши пеш аз тафтиш гузаронида шуда, сипас дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ тасмим гирифта мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.