Демократҳои тоҷик моҳи декабр анҷуман мегузаронанд

Дар анҷуман аз иштироки 150 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва 50 нафар меҳмонон интизорӣ меравад. То санаи 10 декабр ташкилотҳои маҳаллии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ХДТ) бояд конфронсҳои ҳисоботиву интихоботии худро баргузор намуда, ба анҷумани навбатии ҳизб вакил интихоб кунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» раиси ҲДТ ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Исмонов хабар […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар анҷуман аз иштироки 150 нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва 50 нафар меҳмонон интизорӣ меравад. То санаи 10 декабр ташкилотҳои маҳаллии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ХДТ) бояд конфронсҳои ҳисоботиву интихоботии худро баргузор намуда, ба анҷумани навбатии ҳизб вакил интихоб кунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси ҲДТ ва вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Исмонов хабар дод, анҷумани навбатии 14-уми Ҳизби демократи Тоҷикистон санаи 23 декабр дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, раиси аввали он Шодмон Юсуф буд, ки феълан дар шаҳри Вена, пойтахти Австрия зиндагӣ мекунад. Баъди имзои Созишномаи ризоияти миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ҳизбро Маҳмадрӯзӣ Искандаров ба роҳбарӣ гирифт.

Охири соли 2006 пас аз ба муҳлати 23 соли зиндон маҳкум шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Вазорати адлияи Тоҷикистон Масъуд Собировро раиси нави ҲДТ эътироф кард. Ҳизб ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Саидҷаъфар Исмонов ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси ҲДТ роҳбарӣ мекарданд.

Дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ моҳи декабри соли 2012 Саидҷаъфар Исмонов раиси ҳизб интихоб шуд. Он замон ба ин вазифа Саидҷаъфар Исмонов ва Равшанбек Аҳмедов довталабӣ мекарданд. Аксари вакилон (85 нафар) номзадии Исмоновро пазируфтанд. Мамлакат Ҷайчиева, раиси кумитаи тадорукоти анҷуман аз иштирок дар интихоби раиси нави ҲДТ даст кашид.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 20 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.