Анҷоми амалисозии 8 лоиҳаи ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон

Рўзҳои 2-юм то 6-уми октябри соли 2017, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) маросими анчомебии 8 лоиҳаро гузаронид. Маросимҳои мазкур дар якҷоягӣ бо ҳузури раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти пазиранда ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо роҳандозӣ гаштанд. Маблағи ҳашт лоиҳа дар умум […]

Иттилоияи расмӣ

Рўзҳои 2-юм то 6-уми октябри соли 2017, Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи “Барномаи кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) маросими анчомебии 8 лоиҳаро гузаронид. Маросимҳои мазкур дар якҷоягӣ бо ҳузури раисони ноҳияҳо ва роҳбарони мақомоти пазиранда ба хотири бомуваффақ иҷро шудани лоиҳаҳо роҳандозӣ гаштанд. Маблағи ҳашт лоиҳа дар умум 540,571 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Рўзи 2-юми октябри 2017 оғои Ҳаҷимэ КИТАОКА, Сафири Фавқуллода ва Комилҳуқуқи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамроҳ бо оғои Нусратулло АЮБЗОДА, раиси ноҳияи Шаҳринав дар маросими ба итмом расидани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизот ба Маркази омӯзиши касбӣ барои ашхоси имконияташон маҳдуд дар ноҳияи Шаҳринав», ки  бо маблағи 8,923 доллари ИМА амалӣ гардид, мушокират варзиданд.

Худи хамон рӯз, оғои КИТАОКА ба Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафакахурон ва маъюбони шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо хонум Муҳаббат ЗАРИПОВА, директори Марказ, маросими анчомёбии «Лоиҳаи барқарорсозӣ ва дастрас намудани таҷҳизот ба Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафакахурон ва маъюбони шаҳри Душанбе», ки бо маблағи 23,000 доллари ИМА амалӣ гардид, ҷашн гирифтанд.

Маросими анчомёбии «Лоиҳаи сохтмони системаи оббёрӣ дар деҳаи “Баравн”, ҷамоати “Водхуд”-и ноҳияи Ванҷ» рўзи  3-юми октябр бо иштироки хонум Давлатбибӣ РАҶАБОВА баргузор гардид. Барои амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур, маблағи 82,973 доллари ИМА ба Ҳукумати ноҳияи Ванҷ барои бунёди ду нерӯгоҳи обкашӣ ва обанборҳои обӣ ҳамчун кумаки бебозгашт ҷудо карда шуд. Бо анҷом ёфтани лоиҳа, маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ дар минтақа афзоиш хохад ёфт.

Дар таърихи 4-уми октябр, Сафир КИТАОКА ба ноҳияи Рушон барои бомуваффақият хотима ёфтани «Лоиҳаи барқарорсозии канали обёрӣ дар ҷамоати ба номи Додихудоев-и ноҳияи Рушон» ташриф овард. Тавассути лоиҳаи мазкур,  вазъи канали обёрӣ такмил ёфта дар ҳалли мушкилоти норасоии об ва баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ дар дехоти Дерзуди ҷамоати Додихудоев саҳми босазо хохад гузошт. Дар маросими мазкур, оғои Хоҷаназар ИМОМНАЗАР, раиси ноҳияи Рушон, роҳбари Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, инчунин қисмате аз дехқонон ва мардуми  деҳот ширкат варзиданд. Маблаги умумии лоиҳа 82,958 доллари ИМА-ро ташкил дод.

 Худи ҳамон руз, маросими анҷомебии «Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ ва бинои мактаби ибтидоии №24 дар деҳаи  “Колхозобод”, ҷамоати “Сучон”-и ноҳияи Шуғнон» бо ҳузури оғои Азиз ГИЁЗОДА, раиси ноҳияи Шуғнон, сокинони маҳаллӣ, кормандони маркази саломатӣ ва муассисаи таълимии мазкур баргузор гардид.Барои татбиқи лоиҳаҳои мазкур, 89,001 доллари ИМА, ҷудо гардида, алҳол шароити мусоид ҳам барои кормандон муассисаи таълимӣ ва ҳам барои хизматрасонӣ ба беморон фароҳам оварда шудааст.

Маросими ба анҷом расидани «Лоиҳаи мустаҳкамкунии хоки нишебиҳои соҳили дарё ва беҳтар намудани системаи обёрӣ дар 5 деҳоти ноҳияи Роштқалъа», бо ҳузури  оғои Зафар ҚУВВАТБЕКОВ, роҳбари созмони Кумакхои Башардустона (ФОКУС) ҷашн гирифта шуд. Маблағи лоиҳа дар умум 74,067 доллари ИМА-ро  ташкил дод. 

 Маросими ба анҷом расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи минтақавии ҷамоати “Қизил Рабат”-и ноҳияи Мурғоб» рўзи 5-уми октябр баргузор гардид. Феълан, бо анҷоми бомуваффақияти лоиҳа, бинои нави беморхонаи минтақавии деҳоти Тохтамиш сохта шуда барои кормандон ва беморон шароити барҳаво ва мусоиди санитарӣ ва муҳити муносиб фароҳам оварда шудааст. Маросим бо ширкати оғо Мирзабай ҶОШБАЕВ, раиси нохияи Мурғоб, кормандони беморхонаи минтақавии мазкур ва мардуми махаллӣ созмон ёфт.

Рузи 6-уми октябр, оғои Акиюки ЦУЦУИ, роҳбари бахши ҳамкориҳои иқтисодии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, якҷоя бо хонуми Дилбар ҶӮРАЕВА, муовини роҳбари шуъбаи маорифи Ҳукумати ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи барқарорсозии бинои синфҳои ибтидоии мактаби №95 дар ноҳияи “Сино”-и шаҳри Душанбе», ки бо маблағи 91,981 доллари ИМА амалӣ гардид,  мушокират варзид.

Дар баробари Сафир КИТАОКА ва оғои ТСУТСУИ дар ҳамаи маросимҳо раисони ноҳияҳои фавқуззикр, роҳбарони мақомотҳои пазиранда, кормандони соҳавӣ, мардуми маҳаллӣ ва кулли ашхосе, ки дар пиёда сохтани лоиҳаҳо саҳм доштанд, мушорикат варзиданд. Сафир KИТАОКА самимона табрикотии хешро баҳри бомуваффақ амалӣ шудани лоиҳаҳо иброз дошта, изҳори умедворӣ намуд, ки лоиҳаҳои мазкур на танҳо дар таъмини муҳити устувор барои ҷамоатҳои маҳаллӣ дар минтақа, балки барои ҳаллу фасли масоили мубрами бахши аъзами аҳолӣ кумак мерасонанд.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 380 лоиҳаро ба маблағи умумии $30,7 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Барои маълумоти бештар роҷеъ ба Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд ба саҳифаи сомонаи зайл назар андозед www.mofa.go.jp/policy/oda. Барои маълумоти бештар роҷеъ ба кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ ба почтаи электронии [email protected] нависед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.