Кормандони Хадамоти федералии амният (ХФА)-и Русия як зодаи Тоҷикистонро барои даъват ба фаъолияти ифротгароӣ аз тариқи интернет-мессенҷери Zello дастгир карданд.
Бино ба маълумоти хабаргузории РБК, ин шаҳрванди Тоҷикистон қаблан барои қонуншикании маъмурӣ муҷозот гардида, иқрор шудааст, ки дар интернет-мессенҷери Zello як гурӯҳи гуфтугӯӣ ташкил карда, дар он бо даъватҳои фаъолияти ифротгароӣ бо садо маълумот гузоштааст.
Маълумот тариқи садо бо калимаҳои «… бензин пошед ва оташ занед» оғоз ва бо калимаҳои «онҳо чизеро намедонанд, бесаводанд» ба итмом мерасидааст. Ҳамчунин дар ин маълумот «даъватҳои барангехтани бадбинии мазҳабӣ» низ ҷой доштааст.
Гуфта мешавад, айни замон муфаттишон масъалаи оғози парвандаи ҷиноиро баррасӣ дошта, ҳамчунин фаъолиятҳои дигари боздоштшударо мавриди таҳқиқ қарор додаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


