Алюминий, нахи абрешим ва пахта: молу маҳсулоти Тоҷикистон дар Тошканд

Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Намоишгоҳ то 14 октябр идома меёбад. Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, саноати мошинсозӣ ва коркарди металлҳо  пешниҳод гардидааст. Аз маҳсулоти саноати сабук ресмони пахтагӣ ва матоъ, маҳсулоти дӯзандагӣ ва ресандагӣ, ҷӯроб, […]

Asia-Plus

Дар нахустин намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон дар маркази ташкили намоишгоҳҳои «Узэкспоцентр»-и шаҳри Тошканд ҳудуди 150 ширкат молҳои худро ба маърази тамошо гузоштанд. Намоишгоҳ то 14 октябр идома меёбад.

Дар намоишгоҳ масолеҳи сохтмон, маҳсулоти саноати кӯҳкорӣ, саноати мошинсозӣ ва коркарди металлҳо  пешниҳод гардидааст.

Аз маҳсулоти саноати сабук ресмони пахтагӣ ва матоъ, маҳсулоти дӯзандагӣ ва ресандагӣ, ҷӯроб, пӯсти коркардшудаи вет-блю, қолин, нахи абрешим ва маҳсулоти хӯрокворӣ пешкаш гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки охири соли гузашта дар Душанбе доир гардид, дар бораи баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатӣ ва ҳамоишҳои соҳибкорони ҳарду кишвар дар пойтахтҳои давлатҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Нимаи моҳи апрели соли равон дар Душанбе нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон доир гардида, дар чорабинии чоррӯза беш аз 160 ширкати кишвари ҳамсоя зиёда аз 1,5 ҳазор номгӯи маҳсулоти худро пешкаш карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ин чорабинӣ ва ҳамоиши соҳибкорони ҳарду кишвар ба маблағи умумии беш аз 35 млн. доллар қариб бист санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.