ICG: мушкилоти иқтисоди Тоҷикистон натиҷаи мудирияти нодуруст ва фасоди густурда аст

Созмони байналмилалии бӯҳроншиносӣ (ICG) дар гузориш таҳти унвони “Хатарҳои афзояндаи мудирияти нодуруст дар Тоҷикистон” (The rising risks of misrule in Tajikistan) қайд мекунад, ки дар тӯли 25 соли истиқолияти Тоҷикистон нодорӣ, фасоди амиқ ва тамаркузи қудрат дар дасти як гурӯҳи муайян аз мушкилоти аслии ин кишвар боқӣ мондааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бо такя […]

Радиои Озодӣ

Созмони байналмилалии бӯҳроншиносӣ (ICG) дар гузориш таҳти унвони “Хатарҳои афзояндаи мудирияти нодуруст дар Тоҷикистон” (The rising risks of misrule in Tajikistan) қайд мекунад, ки дар тӯли 25 соли истиқолияти Тоҷикистон нодорӣ, фасоди амиқ ва тамаркузи қудрат дар дасти як гурӯҳи муайян аз мушкилоти аслии ин кишвар боқӣ мондааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бо такя ба таҳлилҳои вебсайтҳои Bloomberg ва Eurasia.net дар гузориш гуфта мешавад, иқтисоди Тоҷикистон дар вазъи ногуворе қарор дошта, поин омадани қурби пулли миллӣ, даромади ками муҳоҷирон ва бӯҳрони бонкӣ, ба навиштаи ин созмон ба иқтисоди Тоҷикистон осеби ҷиддӣ расонидааст.

Ба гуфтаи гузоришгарон, мушкилот дар иқтисод натиҷаи мудирияти нодуруст ва фасоди густурда низ ҳаст, вале бо ин вуҷуд кишвар намехоҳад дар иқтисодаш ислоҳот гузаронад.

Ба унвони мисол пажӯҳишгарон бо такя ба World Bank Group ёдовар шудаанд, ки соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ аз ироаи қарзу кӯмакҳои бебозгашти молӣ дар ҳаҷми 200 миллион доллар худдорӣ кард ва сабабаш ҳам ин буд, ки Тоҷикистон пешшартҳои бонкро дар заминаи анҷоми ислоҳот қабул накард.

Ба гуфтаи гузоришгарони ICG, ба Тоҷикистон имсол муяссар шуд, ки вомбаргҳои даромадноки давлатиро ба фурӯш гузорад. Фурӯши вомбаргҳо ба Тоҷикистон имкон дод аз ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ки бар ивази кумак талаби реформаро мекунанд, даст кашад.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки ин ислоҳот, аз ҷумла тағйири топ-менеҷерҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-ро тақозо мекард.

Гузоришгарони ICG, навиштаанд поинравии нишондодҳои иқтисодӣ, фасод ва мушкилот дар бахши соҳибкории хусусӣ як бахши мардумро навмед ва боис ба муҳоҷирати шаҳрвандон аз Тоҷикистон шудааст.

ICG бо такя ба омори кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо навиштааст, ки дар соли 2016 – 3230 нафар тоҷикон барои дарёфти ҳаққӣ паноҳандагӣ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо муроҷиат кардаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки  шумори паноҳҷӯён дар соли 2015 хеле камтар аз ин – 1160 нафар ва дар соли 2014 – ҳамагӣ 605 нафар будааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио