Ҳабси гунаҳкори садамаи автобус бо муҳоҷирон дар назди Владимир

Суди Мешански Маскав ба ҳабси Байдулло Налтаев – ташкилкунандаи сафари муҳоҷирон бо автобусро, ки дар назди шаҳри Владимир қатора ба он бархӯрда, боиси ҳалокати 17 нафар шуд, иҷоза дод. Бино ба маълумоти хабаргузории Фергана, нисбати Байдулло Налтаев чораи дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доштан амалӣ шудааст. Шаҳрванди кадом кишвар будани ӯ зикр намешавад. Бино ба маълумоти […]

Asia-Plus

Суди Мешански Маскав ба ҳабси Байдулло Налтаев – ташкилкунандаи сафари муҳоҷирон бо автобусро, ки дар назди шаҳри Владимир қатора ба он бархӯрда, боиси ҳалокати 17 нафар шуд, иҷоза дод.

Бино ба маълумоти хабаргузории Фергана, нисбати Байдулло Налтаев чораи дар ҳабси пешакӣ нигоҳ доштан амалӣ шудааст. Шаҳрванди кадом кишвар будани ӯ зикр намешавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишоти Русия, айбдоршаванда ба ташкили сафарҳо бо автобус, дарёфти мусофирони муҳоҷир ва ҷамъоварии пул барои сафар аз онҳо машғул буда, аз ҳар кас 5 ҳазор рубл мегирифтааст.

Хабаргузории РАПСИ итттилоъ медиҳад, ки рӯзи 9 октябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боз дигар иштирокчии ин парванда – ронандаи автобус Нургали Сарманов, шаҳрванди Қазоқистонро низ боздошт кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.