Иштироки Убайдуллоев дар Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев шоми 12 октябри соли 2017 бо ҳайати парламентии ҳамроҳонаш тибқи даъватҳои якҷояи Раиси Иттиҳоди Байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ, Котиби кулли Иттиҳоди Байнипарламентӣ Мартин Чанчонг, инчунин даъватҳои Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин бо сафари […]

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев шоми 12 октябри соли 2017 бо ҳайати парламентии ҳамроҳонаш тибқи даъватҳои якҷояи Раиси Иттиҳоди Байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ, Котиби кулли Иттиҳоди Байнипарламентӣ Мартин Чанчонг, инчунин даъватҳои Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд.

Тавре аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар доданд, сафари кории Маҳмадсаид  Убайдуллоев то 16 октябр идома ёфта, тибқи барномаи сафар Раиси Маҷлиси миллӣ дар Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентию ҷаласаҳои ба он алоқаманд, ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Шӯрои Парламентии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва даҳумин ҷаласаи пленарии он иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти Шӯрои Федератсияи Русия, Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ 14 октябр ба кор шурӯъ намуда, намояндагони парламентҳои 154 кишвари ҷаҳон иштирокашонро дар он тасдиқ кардаанд. То кунун қариб 2,5 ҳазор нафар иштирокчиёни Ассамблея сабтином шудаанд.

Қобили зикр аст, ки Иттиҳоди байнипарламентӣ соли 1889 таъсис ёфта, сохтори қадимтарини парламентӣ мебошад ва ба ҳайати он 172 кишвар шомиланд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.