Дар Душанбе ноболиғ ҳамсолашро захмӣ кард

Кормандони милитсия сокини 17-солаи шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-уми яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро боздошт карданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудааст. Гуфта мешавад, номбурда шоми рӯзи 11-уми октябр дар назди мактабе, ки таҳсил мекунад, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, […]

Кормандони милитсия сокини 17-солаи шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-уми яке аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумиро боздошт карданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудааст.

Гуфта мешавад, номбурда шоми рӯзи 11-уми октябр дар назди мактабе, ки таҳсил мекунад, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон намуда, бо ноболиғ, писарбачаи 17-сола, ҷангу ҷанҷол ва сипас бо олоти халандаю бурранда 1-маротиба ба қафаси синааш зарба задааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷа ноболиғи мазкур ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст. Қайд мешавад, ки ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Муноқишаву ҷангу ҷанҷол ва занозани миёни ноболиғон дар Душанбе ҳодисаи нав нест. Моҳи январи соли 2017 назди кафе-интернет дар маҳаллаи 104-уми пойтахт миёни наврасон муноқишаву занозанӣ рух дода, дар натиҷа Иброҳим Хоҷаеви 19-сола ва Сомон Шарифови 18-сола ба ҳалокат расиданд. Баъди ин ҳодиса беш аз 20 нафар, аз ҷумла толибилмони мктабҳои миёна низ боздошт шуданд.

Нимаи моҳи август дар Душанбе баррасии парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели муноқиша ва қатли ду наврас, ба итмом расид. Аз рӯи ин парванда 15 нафар наврасону ҷавонон ба маҳкама кашида шуда, танҳо ду нафарашон ба синни балоғат расида буданд.

Фирӯз Додарбеков мутобиқи ду моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – 110 (қасдан зарари вазнини ҷисмонӣ расонидан ба саломатӣ) ва 237 (авбошӣ) гунаҳкор эътироф гардида, ба 19 соли зиндон ва аз рӯи моддаи «авбошӣ» Фаридун Наҷмиддинов ба 3,5 соли зиндон маҳкум шудаанд, ки синни ҳарду аз 18-сола боло аст.

Ду ҷавоне, ки дар куштори Иброҳим Хоҷаев ва Сомон Шарифов гунаҳкор дониста шуданд, ба 10 ва 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Боз се нафар наврасони иштирокчии муноқиша ба 5 соли зиндон дар муассисаи ислоҳӣ барои ноболиғон маҳкум шуда, қаблан боз ду навраси дигар низ ба ҳамин муҳлат аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Боқимонда 6 нафар иштирокчии муноқишаву занозанӣ ҳар кадоме ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.