Мақоми пойтахти Тоҷикистон бозбинӣ мешавад

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст. Имрӯз он дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад. Лоиҳаи қонуни мазкур бар асоси дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 феврали соли равон, ки зимни вохӯрии ӯ бо фаъолони шаҳри Душанбе садо дода буд, таҳия […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор додааст, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст. Имрӯз он дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон баррасӣ мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бар асоси дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 феврали соли равон, ки зимни вохӯрии ӯ бо фаъолони шаҳри Душанбе садо дода буд, таҳия шудааст.

Роҳбари Кумитаи сохтмони давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии палатаи поёнии парлумон Абдураҳим Холиқзода ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки дар Конститутсия ба шаҳри Душанбе мақоми пойтахти Тоҷикистон дода шуда, мақоми ҳуқуқии он дар қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти ҶТ», ки ҳанӯз 21 сол пеш, соли 1996 қабул шуда буд, муайян шудааст, лекин то имрӯз ин қонун ба таври ҷиддӣ такмил наёфта, муқаррароти он ба талаботи имрӯзаи идоракунии шаҳр ҷавобгӯ нестанд.

Холиқзода қайд кард, ки баъди қабули қонуни амалкунанда «Дар бораи мақоми пойтахти Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия се бор раъйпурсӣ гузаронида шуда, меъёрҳои он то ҳол ба қонуни зикршуда дохил нашудааст.

Вакили парлумон иброз дошт, ки дар лоиҳаи қонуни нав хусусиятҳои фарқкунандаи идоракунии пойтахти кишвар бо назардошти мутобиқати манфиатҳои сокинони он бо манфиатҳои умумидавлатӣ, асосҳои ҳуқуқии таъмини фаъолияти тадорукотӣ, моддӣ-техникӣ ва молиявӣ ба инобат гирифта шудааст.

Дар лоиҳаи қонун таъкид мешавад, ки Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон мақоми махсуси давлатӣ дорад, зеро дар қаламрави он қароргоҳи расмии Президенти Тоҷикистон ҷойгир шуда, дар шаҳр нусхаи аслии Конститутсияи ҷумҳурӣ ва рамзу нишонаҳои давлатии кишвар нигаҳдорӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун ваколати мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.