Бохти футзалистони тоҷик аз тими Эрон бо ҳисоби 2:12

Дар бозии охирини мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 оид ба футболи хурд (футзал) мунтахаби футболи Тоҷикистон аз қаҳрамони амалкунандаи Осиё, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпиоанти ҷаҳон – тими Эрон бо ҳисоби 2 бар 12 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В»-и минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ дастаҳои Эрону Тоҷикистон зинаҳои 1 […]

Asia-Plus

Дар бозии охирини мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 оид ба футболи хурд (футзал) мунтахаби футболи Тоҷикистон аз қаҳрамони амалкунандаи Осиё, дорандаи медалҳои биринҷии Чемпиоанти ҷаҳон – тими Эрон бо ҳисоби 2 бар 12 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ, дар гурӯҳи «В»-и минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ дастаҳои Эрону Тоҷикистон зинаҳои 1 ва 2-юмро ишғол намуда, ба даври финалии Ҷоми Осиё-2018 роҳхат гирифтанд, ки моҳи феврали соли оянда дар Тайбэйи Чин доир мегардад.

Дар бозии аввали ин гурӯҳ дастпарварони сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар вохӯрии душвор бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 4 бар 3 дастболо шуда буданд.

Ёдрас мекунем, ки мусобиқаи даври интихобии Ҷоми Осиё-2018 оид ба футболи хурд (футзал) дар гурӯҳи «В»-и минтақаи Ҷанубӣ ва Марказӣ рӯзҳои 15-17 октябр дар шаҳри Табрези Эрон баргузор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.