Кӯчонидани ҳамаи шабакаҳои телевизион ба «Душанбе Плаза»

Date:

Ин пешниҳод аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ сурат гирифта, айни замон масъалаи ҷойгир кардани ҳамаи шабакаҳои давлатии телевизион дар бинои муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» мавриди омӯзиш қарор дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, роҳбарони 8 шабакаи давлатии телевизион – «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Футбол», «Синамо» ва «Душанбе» феълан масъалаи ҷойгиркунии студияҳо ва ҳайати кормандонашонро дар бинои 22-ошёнаи аз ҳама баландтарини пойтахт баррасӣ доранд.

Қобили зикр аст, ки маркази тиҷорати «Душанбе-Плаза» бо ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2011 мавриди истифода қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, сабаби ҷойгиркунии шабакаҳои давлатии телевизион дар «Душанбе Плаза» он аст, ки бино аз замони мавриди истифода қарор гирифтанаш қариб холӣ буда, хоҳишмандони иҷора гирифтани дафтарҳои корӣ дар он зиёд нестанд.

Айни замон шабакаҳои телевизиони «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» дар бинои Маркази телевизиони пойтахт, «Сафина» – дар собиқ бинои Филармонияи давлатӣ, «Синамо», «Варзиш» ва «Футбол» – дар бинои Академияи ВАО-и кишвар, «Баҳористон» – дар бинои Хонаи радио ва «Душанбе» – дар бинои собиқ кинотеатри «Хроника» ҷойгир шудаанд.

Зимнан зикр гардид, ки бинои телевизиони «Сафина» кӯчонида шуда, дигар биноҳое, ки дар онҳо шабакаҳои боқимондаи телевизион ҷойгиранд, бо салоҳдиди ҳукумат мавриди истифода қарор мегиранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...