Дар интизории индустриализатсия Тоҷикистон то ҳол кишвари аграрӣ боқӣ мемонад

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли равон беш аз 42,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки бо қурби ҳозира ба зиёда аз 5 млрд. доллар баробар буда, нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2016 – 6,8% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД бахши кишоварзӣ (бо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар семоҳаи сеюми соли равон беш аз 42,4 млрд. сомониро ташкил дод, ки бо қурби ҳозира ба зиёда аз 5 млрд. доллар баробар буда, нисбат ба нархҳои қиёсии нишондиҳандаҳои соли 2016 – 6,8% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД бахши кишоварзӣ (бо шумули хоҷагии ҷангалу шикор, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ) афзалият дорад, ки 20,7%-ро ташкил медиҳад. Ҳудуди 19,7%-и сохтори ММД бо шумули энергетика ба соҳаи саноат рост меояд.

Қаблан изҳор гардида буд, ки ҳукумат ният дорад Тоҷикистони аграриро ба давлати рушдёфтаи индустриалӣ табдил медиҳад. Бо ин мақсад афзоиши иқтидорҳои саноатӣ ва энергетикӣ ва ба ин васила кам кардани вобастагии иқтисоди ҷумҳурӣ аз бахши кишоварзӣ дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, дар сохтори ММД саҳми бахши савдо (таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхона ва тарабхонаҳо) – 14,5%, нақлиёт, алоқа, хоҷагии анбор – 11,8%, ҳиссаи андозҳо – 11,7% ва сохтмон – 9,8-ро ташкил додаанд.

Соли 2017 афзоиши ҳаҷми ММД дар ҳаҷми ҳудуди 58 млрд. 910 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 9,4% зиёдтар аст. Соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон зиёда аз 53 миллиарду 828 миллион сомониро ташкил дод.

Дар соли 2018 афзоиши ҳаҷми ММД Тоҷикистон то 65,7 млрд. сомонӣ ва дар соли 2019 – то ба 73,5 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио