Дар Тоҷикистон боз се иди нав пайдо мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба қонун Дар бораи рӯзҳои ид» ба парлумон пешниҳод кардааст, ки дар он рӯзи 30 январро ҳамчунин ҷашни Сада таҷлил кардан пешбинӣ шудааст. Қобили зикр аст, ки аз замонҳои қадим ҷашни Сада панҷоҳ рӯз пештар то фарорасии Иди Наврӯз, 10-уми моҳи баҳман (30 январ) таҷлил мегардид. Расму  оин ва анъанаҳои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳоро ба қонун Дар бораи рӯзҳои ид» ба парлумон пешниҳод кардааст, ки дар он рӯзи 30 январро ҳамчунин ҷашни Сада таҷлил кардан пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки аз замонҳои қадим ҷашни Сада панҷоҳ рӯз пештар то фарорасии Иди Наврӯз, 10-уми моҳи баҳман (30 январ) таҷлил мегардид. Расму  оин ва анъанаҳои мардуми ориёнажод таърихи сеҳазорсола дошта, бештар дар ҷашнҳое ба монанди Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра зоҳир мешаванд.

Ғайр аз ин, ҳукумат пешниҳод кардааст, ки ҳамасола санаи 15 октябр ҳамчун иди Меҳргон ва Рӯзи коркунони бахши кишоварзӣ ҷашн гирифта шавад.

Ҳукумат ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ҳамасола санаи 26 октябр ҳамчун – Рӯзи кормандони суд ҷашн гирифта шавад ва ин сана тасодуфӣ интихоб нашуда, маҳз рӯзи 26 октябри соли 1929 Суди олии Тоҷикистон таъсис ёфта буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.