Суғд: ҳукм ба 4 бекор барои узвият дар равияи салафия

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ чор тан аз сокинони вилоят барои узвият дар равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Салафия маҳкум шуданд. Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Содиқҷон Ваҳҳобзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони бекори ҷамоати Гулхонаи ноҳия Муъмин Содиқов ва Бахтиёр Аҳмадов, ҳарду 23-сола, ҳамчунин […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ чор тан аз сокинони вилоят барои узвият дар равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи Салафия маҳкум шуданд.

Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҳамзамон раиси мурофиаи мазкур Содиқҷон Ваҳҳобзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки чор нафар сокинони бекори ҷамоати Гулхонаи ноҳия Муъмин Содиқов ва Бахтиёр Аҳмадов, ҳарду 23-сола, ҳамчунин Маҳмуд Файзиеви 20-сола ва Ҳомид Бойматови 39-сола дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, прим. 3, қ 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф гардида, ҳар кадоме аз онҳо ба 5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо моҳи июни соли 2017 аз ҷониби кормандони КДАМ Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудаанд. «Онҳо ихтиёрӣ ба сафҳои равияи фаъолияташ манъшуда Салафия пайваста, то замони боздошт ба таблиғи афкору ақидаҳои ин равия машғул ва ибодатҳояшонро ҳам «салафиёна» адо мекардаанд», – қайд кард Ваҳҳобзода.

Ёдрас мекунем, ки ҷараёни мазҳабии «Салафия», ки фаъолияташро аввали соли 2009 Суди олии ҷумҳурӣ манъ карда буд,  гурӯҳи ифротгаро дар Тоҷикистон эътироф шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукми нахуст нисбати тарафдорони ҷараёни «Салафия» дар Тоҷикистон моҳи октябри соли 2010 аз ҷониби суди ноҳияи Сино содир гардида буд. Бо ин ҳукм 7 нафар, аз ҷумла яке аз ҷонибдорони маъруфи ин ҷараён Сироҷиддин Абдураҳмонов низ маҳкум шуда буданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Душанбе – Машҳад – Душанбе пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.