Дар Боғи кӯдакони пойтахт амфитеатр сохта мешавад

Лоиҳаи азнавсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон», ки дар наздикии варзишгоҳи «Сипар» (собиқ варзишгоҳи «Спартак») воқеъ аст, санаи 30 октябр ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муаррифӣ шуд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ»-и САНИИОСП тарҳрезӣ гардидааст. Гуфта мешавад, «Боғи Кӯдакон ва наврасон» дар масоҳати 2,5 гектар доман […]

Asia-Plus

Лоиҳаи азнавсозии «Боғи кӯдакон ва наврасон», ки дар наздикии варзишгоҳи «Сипар» (собиқ варзишгоҳи «Спартак») воқеъ аст, санаи 30 октябр ба раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ муаррифӣ шуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳа аз ҷониби ҶСК «Пажӯҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ»-и САНИИОСП тарҳрезӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, «Боғи Кӯдакон ва наврасон» дар масоҳати 2,5 гектар доман паҳн намуда, тибқи лоиҳа дар он гулгашту роҳравҳо, фаввораҳо ва нишастгоҳу нишасткурсиҳои сершумор бунёд карда мешаванд. Ҳамчунин, дар боғ амфитеатр бо 240 ҷойи нишаст, таваққуфгоҳи автомобилӣ, майдончаи варзишӣ ва нишастгоҳҳо барои бозии шоҳмот сохта мешаванд.

Баҳри дилхӯшии кӯдакон дар гӯшаҳои гуногуни боғ дастгоҳу лавозимоти бозиҳои кӯдакона насб гардида, дар як ҷониби он бо истифода аз буттаҳои ороишӣ лабиринт бунёд мегардад.

Рустами Эмомалӣ ба масъулон дастур дод, ки ҳангоми баргузор намудани корҳои кабудизоркунии боғ аз низоми муосир ва мукаммали обёрӣ истифода кунанд.

Ҳамчунин дастур дода шуд, ки зимни иҷрои корҳои ободониву кабудизоркунии боғ ба истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва сатҳу сифати корҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Ғайр аз ин раиси пойтахт ба васлу насби низоми муосири равшанидиҳандаи боғ таваҷҷуҳ карда, дастур дод ки бояд баҳри сайругашт ва истироҳату фароғат дар боғ дар давоми рӯз, махсусан қисмати бегоҳии рӯз шароити мусоид муҳайё карда шавад ва тамоми иншооти санитариву гигиении он мутобиқ ба талабот бунёд гарданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.