Шахсияти 4 тоҷикистонии дар садама ҳалокшуда муайян шуд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ному насаби 4 нафари тоҷикистониёни ҳалокшударо дар садамаи вилояти Саратови Русия эълон кард. Дар натиҷаи садамаи нақлиёти шаби гузашта дар вилояти Саратови Русия 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд. Синни онҳо аз 23 то 29 сола мебошад. Тибқи маълумоти сафорат дар садама шахсони зерин ҳалок шудаанд: 1. Ҷӯраев Суннатулло Маҳмудович, 10.06.1996 […]

Наим Халимов

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ному насаби 4 нафари тоҷикистониёни ҳалокшударо дар садамаи вилояти Саратови Русия эълон кард.

Дар натиҷаи садамаи нақлиёти шаби гузашта дар вилояти Саратови Русия 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳалок шуданд. Синни онҳо аз 23 то 29 сола мебошад.

Тибқи маълумоти сафорат дар садама шахсони зерин ҳалок шудаанд:

1. Ҷӯраев Суннатулло Маҳмудович, 10.06.1996 с.т., зодаи ноҳияи Шаҳритӯс;

2. Амонов Шералӣ Маҳмадаливеич, 26.11.1988 с.т., зодаи ноҳияи Ҷайҳун;

3. Хидирзода Шерзоди Ашӯр, 11.07.1994 с.т., зодаи ноҳияи Панҷакент;

4. Бобомуродов Илҳомҷон Хайруллоевич, 16.12.1988 с.т., зодаи ноҳияи Шаҳринав.

«Шахсияти нафрвари панҷуми ҳалокшуда муайян карда мешавад, – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Боз шаш нафари аз ин садама ҷароҳатбардошта дар бемористонҳои шаҳри Саратов бистарӣ шуда, вазъи онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.

Рӯйхати шахсони дар бемористонҳо бистаришуда:

1.Зувайдуллоев Далер Маҳмадулоевич, 18.05.1988 с.т., зодаи ноҳияи Данғара.

2. Тӯраев Абдухолиқ Амоналиевич, 08.03.1998 с.т., зодаи ноҳияи Ёвон. 

3. Сулаймонов Ифтихорхӯҷа Маҳмадшарифович, 28.04.1981 с.т.

4. Рустамов Замирҷон, 12.08.1995 с.т.

5. Фаёзов Толиб Муҳаббатович, 16.04.1984 с.т.

6. Меликов Хуршед Имомқулович, 15.02.1998 с.т.

Сафорат дар ҳамдастӣ бо намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон пайи таҳқиқи ҳамаи ҳолатҳои рух додани садама буда, ба хешовандону наздикони фавтидагон ҳамдардии амиқ изҳор мекунанд.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ пайвандону нуздикони фавтидагону ҷароҳатбрадоштагон метавонанд бо телефонҳои зерин муроҷиат кунанд: дар Тоҷикистон 44 640 19 51; дар Маскав +7926 255 09 27; дар Саратов +7962 616 30 62.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.