Баландгӯякҳоро ба масҷидҳои Ӯзбекистон бармегардонанд?

Date:

Дар як ҷаласаи чанде қабл имом-хатибони Ӯзбекистон хабар додаанд, ки дар ояндаи наздик мақомоти ин кишвар иҷозаи баланд гуфтанги азон – даъват ба намозро хоҳанд дод.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар ин ҷаласа имомони ӯзбек аз баланд гуфтани азон якдилона ҷонибдорӣ кардаанд.

"Имомон мисол оварданд, ки ҳатто дар Москва азон бо садои баланд гуфта мешавад. Бархе аз ширкаткунандагони ҷаласа гуфтанд, ки ҳатто дар калисоҳои насрониҳо дар Ӯзбекистон зангӯла баланд садо медиҳад ва ин ба ҳеч кас халал намерасонад. Бархе имомони дигар мегӯянд, сабаби иҷозати азони баланд, мумкин аст ба далели пурэнержӣ будани Шавкат Мирзиёев дода шавад. Мирзиёев субҳи барвақт аз хоб мехезад ва давоми рӯз бо ҳавсалаи зиёд фаъолият мекунад", – менависад сомонаи Azon.uz аз қавли як ҳамсуҳбаташ.

Шайх Абдулазиз Мансур, муовини раиси Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон гуфт, ки идораи мазкур ба роҳбари давлат барои дарёфти иҷозати бастани рӯймол барои занону духтарон, гуфтани азони баланд ва дар мактабҳо ҷорӣ кардани фани "диншиносӣ" муроҷиат кардааст. "Ҳоло мо ҷавобро мунтазирем. Дар як соли гузашта дар кишвар дигаргуниҳои мусбате анҷом шуданд. Худо кунад, ки адади онҳо зиёд шавад", – гуфт шайх Абдулазиз Мансур.

Дар Ӯзбекистон дар гузашта расман садои азонро манъ накарда буданд. Аммо дар солҳои роҳбарии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов қоидаҳои нонавиштае мавҷуд буд. Аз ҷумла садои баланди азон низ бе ҳеч қонун манъ шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...