Дар рейтинги Doing Business Тоҷикистон 5 зина боло рафт

Дар рейтинги Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» Тоҷикистон мавқеи худро 5 зина беҳтар кард. Дар рейтинги Doing Business-2018 миёни 190 кишвари саросари дунё Тоҷикистон дар мақоми 123-юм ҷойгир аст. Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистонро аз 10 нишондиҳандаи гузориш дар 5-тоаш боло бурдаанд. Аз ҷумла, аз рӯи нишондиҳандаи бақайдгирии корхонаҳо ҷумҳурӣ 28 банд, гирифтани иҷозатномаи сохтмон […]

Asia-Plus

Дар рейтинги Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» Тоҷикистон мавқеи худро 5 зина беҳтар кард. Дар рейтинги Doing Business-2018 миёни 190 кишвари саросари дунё Тоҷикистон дар мақоми 123-юм ҷойгир аст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистонро аз 10 нишондиҳандаи гузориш дар 5-тоаш боло бурдаанд. Аз ҷумла, аз рӯи нишондиҳандаи бақайдгирии корхонаҳо ҷумҳурӣ 28 банд, гирифтани иҷозатномаи сохтмон – 26 банд, андозбандӣ – 8 банд, бақайдгирии моликият – 7 банд ва пайваст ба низоми таъминот бо барқ – 2 банд боло рафтааст.

Дар нишондиҳандаи «таъмини иҷрои қарордодҳо» Тоҷикистон чун дар раддабандии пешин дар зинаи 54-ум қарор дорад.

Рейтинги Тоҷикистон аз рӯи боқимонда 4 нишондиҳанда каме поин рафтааст. Аз лиҳози ҳифзи сармоягузорони миноритарӣ (як қисм саҳмдор) мавқеи Тоҷикистон 6 банд, савдои байнулмилалӣ – 5 банд, дастрасӣ ба қарз ва ҳалли масъалаи пардохтнопазирӣ – мутаносибан 4 бандӣ поин шудааст.

Дар рейтинги ҳозираи Doing Business миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зинаи нисбатан баландтарро Қазоқистон – 36-ум ишғол намуда, Ӯзбекистон дар мақоми 74-ум, Қирғизистон – 77-ум ҷойгир шудаанд. Дар бораи Туркманистон маълумот дода нашудааст.

Дар паҳнои пасошӯравӣ зинаи аз ҳама баландтарро Гурҷистон – 9-ум касб карда, дар идома Эстония – 12, Литва – 16, Латвия – 19, Русия – 35 ҷойгир шудаанд. Мавқеи поинтаринро Тоҷикистон ишғол намудааст.

Пешсафони рейтин Зеландияи Нав, Сингапур ва Дания дониста шуда, Венесуэа, Эритрея ва Сомали мақомоҳои охиринро касб кардаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.