Зарурати ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Русия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфта,  дар оғози мулоқот аз рушди босуботу муназзами муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи таъғирнопазиру устувори кишвари мо таъкид дошт, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар баробари […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфта,  дар оғози мулоқот аз рушди босуботу муназзами муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳори қаноатмандӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мавқеи таъғирнопазиру устувори кишвари мо таъкид дошт, ки таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар баробари дигар бахшҳои афзалиятнок муҳимтарин омили густариши равобити дуҷониба мебошад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқоти судманд ҳамчунин масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчуби Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.

Таъкид гардид, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзур кардани иқтидори мудофиавии нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шавад. Дар ин самт ҳамчунин ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ ва Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.