Ҷаримаҳои КФО нисбати «Истиқлол» ба 21 ҳазор доллар расид

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе барои бадрафтории як мухлисаш дар сабқати даста бо "Бенгалуру"  аз ҷониби  Кумитаи назорат ва тафтишоти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)  7 ҳазору 500 доллар ҷарима шуд. Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мухлиси бадрафтори тим ҳини бозӣ шишаи пластикиеро ба майдон ҳаво додааст. Гуфта мешавад, чунин […]

Sputnik Тоҷикистон

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе барои бадрафтории як мухлисаш дар сабқати даста бо "Бенгалуру"  аз ҷониби  Кумитаи назорат ва тафтишоти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)  7 ҳазору 500 доллар ҷарима шуд.

Бино ба иттилои хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мухлиси бадрафтори тим ҳини бозӣ шишаи пластикиеро ба майдон ҳаво додааст.

Гуфта мешавад, чунин рафтори мухлисони дастаи номдори Тоҷикистон бори аввал ба қайд гирифта нашуда, даста барои "меҳмонҳояш" дар сабқатҳо ҷамъоҷамъ 21 ҳазор доллар ҷарима шудааст.

Пештар як мухлиси "Истиқлол" ҳангоми сабқат ба майдони бозӣ баромада будааст, ки барои ин ҳам "Истиқлол"-ро мақомоти интизомӣ 8 ҳазор доллар ҷарима кардаанд.

"Истиқлол" аз мухлисонаш даъват кардааст, ки дар сабқати дарпешистодаи давраи ниҳоии Ҷоми КФО-2017, ки дар шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.