Даъвои Навалнийро зидди Путин додгоҳи Маскав рад кард

Додгоҳи Твери шаҳри Москва даъвои мухолиф ва муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалнийро зидди президенти Русия Владимир Путин рад кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба ҳуқуқшиноси бунёд Иван Жданов, масъулони додгоҳ дар шарҳи ин қарори худ гуфтаанд, ки шикояти Навалний баррасӣ нахоҳад шуд, зеро ба гуфтаи онҳо, озодӣ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додгоҳи Твери шаҳри Москва даъвои мухолиф ва муассиси Бунёди мубориза бо коррупсия Алексей Навалнийро зидди президенти Русия Владимир Путин рад кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба ҳуқуқшиноси бунёд Иван Жданов, масъулони додгоҳ дар шарҳи ин қарори худ гуфтаанд, ки шикояти Навалний баррасӣ нахоҳад шуд, зеро ба гуфтаи онҳо, озодӣ ва манофеи қонунии ӯ поймол нашудааст.

Гуфта мешавад, додгоҳе дар Москва ҳафтаи гузашта шикояти Навалнийро зидди Путин барои манъи мулоқотҳояш бо интихобкунандагон ба қайд гирифта буд. Мухолифи рус аз додгоҳ хост, ки ин амали раҳбарияти Русияро ғайриқонунӣ эълом кунад.

Зимнан зикр мегардад, ки пештар Кремл дар посух ба иддаои Навалний гуфтааст, ки президенти Русия бо ҳамоҳанг ё манъ кардани кадом як ҷамъомаду вохӯриҳо машғул намешавад.

Қайд мешавад, ки Навалний соли 2018 дар интихоботи президентии Русия иштирок карданист ва ҳоло сафарҳои таблиғиеро ба минтақаҳои ин кишвар анҷом медиҳад. Дар бештари шаҳрҳои Русия мақомот ба баргузории тазоҳурот ва вохӯриҳо бо Навалний иҷозат намедиҳанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ихтиёрон ва кормандони ситоди Навалний зери фишори мақомот қарор дошта, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто таҳдид низ мешунаванд ва мавриди ҳамла ҳам қарор мегиранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.