Театри Маяковский соҳиби бинои нав мешавад

Корҳои таъмиру таҷдиди бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки баъди кӯчонидани бинои Театри Маяковский ҳунармандонаш ба он ҷо кӯчонида шуданд, аввали соли 2018 оғоз мегардад. Мансабдорон итминон медиҳанд, ки ин кинотеатр тамоман бинои нав хоҳад шуд. Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки лоиҳаи таъмину навсозии кинотеатри «Тоҷикистон» таҳияву тасдиқ ва мувофиқа […]

Лилия Гайсина, Asia-Plus

Корҳои таъмиру таҷдиди бинои кинотеатри «Тоҷикистон», ки баъди кӯчонидани бинои Театри Маяковский ҳунармандонаш ба он ҷо кӯчонида шуданд, аввали соли 2018 оғоз мегардад. Мансабдорон итминон медиҳанд, ки ин кинотеатр тамоман бинои нав хоҳад шуд.

Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки лоиҳаи таъмину навсозии кинотеатри «Тоҷикистон» таҳияву тасдиқ ва мувофиқа шуда, амалисозии он аввали соли 2018 шурӯъ мешавад, ки муддати як сол давом мекунад.

«Барои амалисозии лоиҳа воситаҳо ҷудо шуда, лекин маблағи ниҳоӣ алҳол мушаххас нест, зеро он метавонад тағйир ёбад, – гуфт манбаъ. – Ин ҷо сари азнавсозии пурраи кинотеатр сухан меравад, ки бино комилан дигар шуда, ба ҳамаи талаботи театри драмавӣ ҷавобгӯ хоҳад буд».

Мунира Дадаева, директори Театри ба номи Маяковский дар ин робита изҳор дошт, ки лоиҳаи таъмиру навсозии бинои кинотеатр бо онҳо мувофиқа шуда, ба он баъзе тағйирот ворид ва эродҳо баён шуданд.

«Албатта, мо қаноатмандем. Ба мо ваъда доданд, ки зимни корҳои таъмиру таҷдид пешниҳоду эродҳои моро ба инобат мегиранд ва бинои комилан нав месозанд, ки ба фаъолияти театр муносибу созгор хоҳад буд», – иброз дошт Дадаева.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.