Боздошти беш аз 200 нафар дар Арабистони Саудӣ ба гумони фасодкорӣ

Date:

Мақомоти Арабистони Саудӣ дар доираи маъракаи зиддифасоди худ дар ин кишвар беш аз 200 одамро бозҷӯӣ карда, танҳо 7 нафари онҳоро бидуни эълони айб раҳо кардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, додситони кулли Арабистони Саудӣ 9 ноябр гуфтааст, нақшаи коррупсионӣ тайи чанд даҳсолаи ахир ба ин кишвар беш аз 100 миллиард доллари амрикоӣ хисорот расондааст. Ба гуфтаи ӯ, санҷиши нақша се сол идома кардааст.

Дар шоҳигарӣ дороии беш аз 1,5 ҳазор ҳисоби бонкӣ ҳабс шуда, тафтишот то ба хориҷ аз ин кишвар низ расидааст. Аз ҷумла, аз Бонки марказии Аморати Муттаҳидаи Араб дархост шудааст, ки дар бораи ҳисоби бонкии 19 шаҳрванди Арабистони Саудӣ маълумот диҳад.

Гуфта мешавад, бонкдорон дар суҳбат бо хабаргузории Reuters гуфтаанд, ки бештари муштариёни сарватманди онҳо аллакай фурӯши дороиҳои худро дар минтақа оғоз кардаанд.

Қобили зикр аст, ки 5 ноябр дар Арабистони Саудӣ 11 шоҳзода, 4 вазир ва даҳҳо вазири пешинро боздошт карданд. Парвандаи онҳоро Кумитаи мубориза бо фасоди ин кишвар тафтиш дорад, ки чанде қабл аз сӯи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон таъсис дода шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...