Аз оғози сол нарху тарифҳо 6 фоиз боло рафтанд

Аз оғози соли равон нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо дар Тоҷикистон 6 фоиз боло рафтанд, ки ба «нишондиҳандаи мақсадноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)» мутобиқ аст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 сатҳи таваррум 0,4 фоизро ташкил дода, аз аввали сол ба 6,0 фоиз расид. Гуфта […]

Asia-Plus

Аз оғози соли равон нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо дар Тоҷикистон 6 фоиз боло рафтанд, ки ба «нишондиҳандаи мақсадноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)» мутобиқ аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 сатҳи таваррум 0,4 фоизро ташкил дода, аз аввали сол ба 6,0 фоиз расид.

Гуфта мешавад, нишондоди мазкури таваррум дар моҳи октябр ғайричашмдошт набуда, тавре интизор мерафт он асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои ғайримонетарӣ, аз ҷумла болоравии мавсимии нархи маҳсулоти алоҳидаи хурокворӣ ва баланд бардоштани нархи хизматрасониҳои коммуналӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар натиҷа, таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи октябр ба 7,0 фоиз баробар гардида, тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳадаф гирифтааст, наздик шуд.

Таъкид мешавад, ки дар моҳҳои охир дар натиҷаи ба мувозинат омадани унсурҳои талаботу таклифот муътадилгардии нархҳои баъзе аз маҳсулоти серистеъмоли хӯрокворӣ, ки чанде пеш вобаста ба коҳишёбии истеҳсолот ва пешниҳоди нисбатан ками он ба болоравии назарраси нархҳо боис гардида буд, мушоҳида мегардад.

Ҳамчунин дар БМТ сатҳи таваррумро ба «сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор» нисбат медиҳанд.

БМТ аз эҳтимол дур намедонад, ки сатҳи таваррум дар соли 2017 ва давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7%) тағйир меёбад.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1 фоизро ташкил дод. Тайи солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 – 5,1 фоиз сабт шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.