БМТ: Бонки миллӣ ба парлумон саривақт посух дод

Бонки миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки ба парлумон саривақт ҳисобот пешниҳод кардааст. Раиси БМТ бояд дар муддати ду ҳафта оид ба вазъи мавҷуда дар бонкҳои дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» маълумоти пурра ҷамъоварӣ намуда, онро ба Зуҳуров пешниҳод мекард. «Вобаста ба ахбори нашркардаи Шумо таҳти унвони «Раиси БМТ ба иҷрои супориши раиси […]

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон изҳор медорад, ки ба парлумон саривақт ҳисобот пешниҳод кардааст. Раиси БМТ бояд дар муддати ду ҳафта оид ба вазъи мавҷуда дар бонкҳои дучори мушкилот – «Тоҷиксодиротбонк», «Агроинвестбонк», «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» маълумоти пурра ҷамъоварӣ намуда, онро ба Зуҳуров пешниҳод мекард.

«Вобаста ба ахбори нашркардаи Шумо таҳти унвони «Раиси БМТ ба иҷрои супориши раиси парлумон шитоб надорад» аз  9 ноябри соли 2017 дар сомонаи news.tj/tj  иттилоъ медиҳем, ки Бонки миллии Тоҷикистон тибқи талаботи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳисоботи дахлдорро дар муҳлати муқарраргардида саривақт  ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст, – гуфта мешавад дар раддияи хатти Бонки миллӣ. – Ҳамзамон, дар робита ба суханони манбаи “Азия Плюс”, ки тибқи он санаи 8 ноябри соли 2017 Бонки миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба супориши зикргардида расман огоҳонида шудааст, қайд менамоем, ки маълумоти мазкур беасос буда, дар хусуси супориши болозикр ба Бонки миллӣ муроҷиати хаттӣ ё шифоҳӣ карда нашудааст».

Дар ҳамин ҳол, котиби матбуотии палати поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳамммадато Султонов имрӯз тариқи телефон ба Азия-Плюс» хабар дод, ки онҳо ҳақиқатан ҳам аз Бонки миллӣ посух гирифтаанд. «Ҷаласаи Маҷлиси намояндагон санаи 18 октябр баргузор шуда, посух аз раиси БМТ ба парлумон рӯзи 3 ноябр ворид шуд», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 9 ноябр дар хадамоти матбуоти парлумон ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буданд, ки посух аз Бонки миллӣ то ҳанӯз нарасида, рӯзи 8 ноябр палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ расман ба БМТ супориши дар боло зикршударо хотиррасон кардааст.

Дар посухи Бонки миллӣ чӣ гуна маълумот пешниҳод шудааст, алҳол маълум нест. Ба гуфтаи Султонов, мактуб алҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио