Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Эрон

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати садҳо нафар эрониён бар асари заминларзаи шадид ба президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки «хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳалокати садҳо нафар эрониён бар асари заминларзаи шадид ба президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки «хабари заминларзаҳо дар вилояти Кирмоншоҳ ва дигар минтақаҳои ғарбии Эрон, ки боиси ҳалокату захмӣ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд».

«Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дӯсти Эрон изҳор намуда, ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон тасаллиёти самимии хешро арз менамоям ва аз даргоҳи Худованди мутаъол барояшон сабри ҷамил хоҳонам. Ба осебдидагон шифои комил орзумандам»,- омадааст дар барқияи президенти Тоҷикистон.

ГАЛЛЕРЕЯ (8)








Шаби 11 ба 12 ноябр дар марзи Эрону Ироқ заминларзаи шадиде бо иқтидори 7.3 балл рух дод, ки бино ба маълумоти ахир, 395 нафар қурбонӣ бар ҷой гузошта, боз 6650 нафари дигар аз он осеб диданд.

Бино ба маълумоти Press TV, дар вилояти Кирмоншоҳ, ки аз ҳама бештар аз ин офати табиӣ осеб дид, се рӯзи мотам эълон шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио