Паёми дӯстонаи обербургомистри Ройтлинген ба Рустами Эмомалӣ

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов рӯзҳои 14-15 ноябри соли равон ба шаҳри Ройтлинген – бародаршаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз ҷониби обербургамистри шаҳри Ройтлинген хонума Барбара Бош ба ҳузур пазируфта шуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат сафири Тоҷикистон ба хонум Барбара Бош салому паёми дӯстонаи раиси шаҳри Душанбе, […]

Asia-Plus

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Маликшо Неъматов рӯзҳои 14-15 ноябри соли равон ба шаҳри Ройтлинген – бародаршаҳри Душанбе сафари корӣ анҷом дода, аз ҷониби обербургамистри шаҳри Ройтлинген хонума Барбара Бош ба ҳузур пазируфта шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози сӯҳбат сафири Тоҷикистон ба хонум Барбара Бош салому паёми дӯстонаи раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалиро расонда, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи байни бародаршаҳрҳо – Душанбе ва Ройтлингенро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб омодагии хешро баҳри таҳким ва густариши ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, маориф ва сайёҳӣ таъкид карданд. Дар рафти мулоқот аз Барбара Бош даъват шуд, ки дар фурсати барояш муносиб аз шаҳри Душанбе боздид ба амал оварад.

Хонум Барбара Бош барои даъват изҳори миннатдорӣ намуда, паёми дӯстонаи худро ба Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фиристод. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки омодааст, дар фурсати муносиб бо ҳамроҳии ҳайати соҳибкорон ва фарҳангиёни шаҳри Ройтлинген ба бародаршаҳр Душанбе сафар анҷом диҳад.       

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамчунин дар доираи сафари корӣ мулоқоти сафири Тоҷикистон бо роҳбари Палатаи тиҷорат ва савдои шаҳри Ройтлинген д-р Йенс Каспер баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот сафир оид ба имконоти иқтисодӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, аз Палатаи саноат ва савдои минтақаи Ройтлинген даъват ба амал овард, ки барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони аъзои Палатаи мазкур ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат намояд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио