Муҷозоти ронандагони нақлиёти ҷамъиятии сархуш аз шаробу ҳашиш

Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ду ронандаи нақлиёти ҷамъиятии сархуш аз шаробу маводи мухаддиро боздошт намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Шуъаби БДА-и пойтахт Мирзо Саидов хабар дод, ронандаи троллейбуси хатсайри №1 аз ҷониби кормандони БДА дар ҳолати мастӣ аз шароб ва ронандаи маршруткаи №16 дар ҳолати сархушӣ аз маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт […]

Asia-Plus

Кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе ду ронандаи нақлиёти ҷамъиятии сархуш аз шаробу маводи мухаддиро боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи Шуъаби БДА-и пойтахт Мирзо Саидов хабар дод, ронандаи троллейбуси хатсайри №1 аз ҷониби кормандони БДА дар ҳолати мастӣ аз шароб ва ронандаи маршруткаи №16 дар ҳолати сархушӣ аз маводи мухаддири навъи ҳашиш боздошт ва ташхиси тиббӣ ин вазъи онҳоро тасдиқ кардааст.

«Ҳарду ронанда аз ҷониби суди дахлдор ҳар кадоме ба муҳлати 15 рӯз ба ҳабс гирифта шуда, аз рӯи қонун бояд дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонигӣ ҷарима пардохт мекарданд, лекин суд ба ин имкон надоштани онҳоро ба инобат гирифта, аз ҷарима озод кард, – қайд кард Саидов. – Ҳарду ронанда аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол маҳрум карда шуданд».

Дар ҳамин ҳол, аз шаҳрдории Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳамаи ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ субҳгоҳон пеш аз ба кор баромадан ҳатман бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.