Президенти Зимбабве Роберт Мугабе билохира ба истеъфо рафт

Роберт Мугабе баъд аз 37 соли президентиаш дар Зимбабве истеъфо дод, то, ба қавли худаш, “интиқоли нарми қудрат” дар кишварашро таъмин кунад. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, шоми 21 ноябр раиси парлумони Зимбабве номаи Роберт Мугаберо ба аъзои маҷлис қироат кард, ки матнаш чунин буд: “Ман, Роберт Габриэл Мугабе, мувофиқ бо банди 96-уми Конститутсияи Зимбабве […]

Радиои Озодӣ

Роберт Мугабе баъд аз 37 соли президентиаш дар Зимбабве истеъфо дод, то, ба қавли худаш, “интиқоли нарми қудрат” дар кишварашро таъмин кунад.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, шоми 21 ноябр раиси парлумони Зимбабве номаи Роберт Мугаберо ба аъзои маҷлис қироат кард, ки матнаш чунин буд: “Ман, Роберт Габриэл Мугабе, мувофиқ бо банди 96-уми Конститутсияи Зимбабве дар ҳамин ҷо номаи истеъфои худро таслим мекунам, ки аз ҳамин лаҳза эътибор пайдо мекунад”.

Аъзои порлумони Зимбабве аз ин тасмими Мугабе бо рақсу шодӣ истиқбол карданд. Сокинони пойтахти Зимбабве низ дар хиёбонҳои шаҳри Ҳараре бо садоҳои баланду сигналҳои тӯлониии мошинҳо истиқбол аз ин хабар хушҳолӣ карданд.

Мугаберо кӯҳансолтарин раҳбари кишвар меноманд, ки тӯлонитарин мӯҳлатро дар сари қудрат сипарӣ кардааст. Мугабе аз соли 1980 дар паи ба даст овардани истиқлолияти Зимбабве аз Бритониёи Кабир раҳбари ин кишвари африқоиро ба ӯҳда дошт. Мунаққидон ва тарафдорони импичмент Мугаберо дар ғасби қудрат ба фоидаи ҳамсараш ва ҳам нотавонии раҳбарии давлат бино ба солхӯрдагӣ айбдор мекарданд.

Ҳафтаи гузашта бо талаби истеъфои Роберт Мугабе низомиёни Зимбабве назорати кишварро ба даст оварда, аз барканории Эммерсон Мнангагва аз мақоми муовини президент ба фоидаи ҳамсари президент Грейс Мугабе эътироз карданд.

Мугабе инчунин барои он муттаҳам мешавад, ки ба ҳамсараш иҷоза дод ба Мнангагваи тоза барканоршуда ва дигар мақомот таҳдиди марг кунад. Грейс Мугабеи 53-сола мехост баъди ҳамсараш раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда гирад, вале дар паи таҳаввулоти ахир аз қасри президентӣ фирор кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.