Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

АНОНС – Муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Ситоди марказии артиши ИМА генерал-лейтенант Теренс Мак Кеник бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд. ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА –  8.8144 сомонӣ; 1 евро – 10.4627 сомонӣ; 1 рубли русӣ – 0.1493 […]

Asia-Plus

АНОНС

– Муовини фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Ситоди марказии артиши ИМА генерал-лейтенант Теренс Мак Кеник бо сафари серӯза ба Тоҷикистон меояд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8144 сомонӣ;

1 евро – 10.4627 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1493 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1932 — Бо фармони КИМ ҶШС Тоҷикистон шаҳри тобеи вилояти Хоруғ таъсис дода шуд.

1963 – Дар Душанбе комбинати равғану чарбу ба фаъолият оғоз кард.

1992 – Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд.

2010 — Бо мусоидати Ҷопон роҳи мошингарди Душанбе – Панҷи Поён ба истифода дода шуд, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад.

1915-1945 – Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов.

1956 – Мавлуди арбоби давлатӣ Бахтиёр Худоёров.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0-5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21 дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -1-6, рӯзона +2+7; дар шарқ шабона -12-17, рӯзона 0-5.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -6-11, рӯзона 0-5.   

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ боришот (борону барф.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +7+9.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф).

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +6+8.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +17+19.  

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +5+7.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.