ТАЛКО ба истихроҷи тилло шурӯъ карданист, вале шарикони муносиб намеёбад

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли оянда ба коркарди гурӯҳи конҳои Канчоч шурӯъ карданист. Ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, аз захираҳои зиёди тиллову нуқра, симоб, сурма ва дигар металлҳо иборатанд. «Корҳои амалисозии ин лоиҳаи сармоягузорӣ соли 2017 идома ёфта, аммо барои оғози коркарди конҳо, як тартибу расмиёти муайнеро бояд анҷом дод, ки вақти зиёдро […]

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) соли оянда ба коркарди гурӯҳи конҳои Канчоч шурӯъ карданист.

Ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, аз захираҳои зиёди тиллову нуқра, симоб, сурма ва дигар металлҳо иборатанд.

«Корҳои амалисозии ин лоиҳаи сармоягузорӣ соли 2017 идома ёфта, аммо барои оғози коркарди конҳо, як тартибу расмиёти муайнеро бояд анҷом дод, ки вақти зиёдро тақозо мекунад», – гуфтанд дар ТАЛКО.

Айни замон ширкати бритониёии Micon International Ltd. ба арзёбии захираи конҳо, ки ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ кашф шуда буданд, машғул аст.

«Соли 2018 оғози корҳои истихроҷу ғанисозӣ (истеҳсол)-и тиллову нуқра ва сурма ба нақша гирифта шудааст», – таъкид доштанд дар ширкат.

Ҳамзамон ТАЛКО ба дарёфти шарикони муносиб барои маблағгузории муштарак ба ин лоиҳаи бузургмиқёс низ машғул аст.

«Шариконе, ки ба мо ҳамкорӣ пешниҳод мекунанд, пеш аз ҳама ба металлҳои мушаххас таваҷҷуҳ доранд, – иброз доштанд дар ТАЛКО. – Аммо дар ин конҳо металлҳои дигари гаронарзиш, аз ҷумла селен низ вуҷуд доранд, ки ба гунаи мисол, 1 грамм селен 37 ҳазор доллар нарх дорад. Аз ин рӯ, ин металлҳоро мо сарфи назар нахоҳем кард. Бинобар ин, корҳо каме ба дарозо мекашад».

Ҳанӯз моҳи июни соли 2015 ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии ТАЛКО»-ро қабул кард.

Дар чаҳорчӯби ин барнома, раҳбарияти ширкат ба ҳукумат пешниҳод кард, ки гурӯҳи конҳои «Канчоч» ва «Чӯлбой» дар ноҳияи Айнӣ ба истифодаи ширкат дода шавад.

Моҳи декабри ҳамон сол ширкат иҷозатнома гирифт, ки мувофиқи он ба ТАЛКО барои истифода аз ин конҳо дар муддати 25 сол ҳуқуқ дода шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.