Шиносоӣ бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар низоми бонкдории исломӣ дар БМТ

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои кормандони воҳидҳои дахлдори Бонк дар мавзӯи “Татбиқ ва вусъатдиҳии низоми технологияҳои иттилоотии ширкати “GaiaBilgi” барои бонкҳои марказӣ дар низоми бонкдории исломӣ” муаррифӣ пешниҳод намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар оғози муаррифӣ […]

Asia-Plus

Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон барои кормандони воҳидҳои дахлдори Бонк дар мавзӯи “Татбиқ ва вусъатдиҳии низоми технологияҳои иттилоотии ширкати “GaiaBilgi” барои бонкҳои марказӣ дар низоми бонкдории исломӣ” муаррифӣ пешниҳод намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, дар оғози муаррифӣ сардори шуъбаи назорати бонкдории исломии БМТ Кибриё Уроқова ба намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” барои ташриф ва пешниҳоди бизнес-модели автоматикунонидашудаи тайёр изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки таҷрибаи ширкати мазкур баҳри татбиқ ва инкишофи низоми бонкдории исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир хоҳад гузошт.

Дар доираи муаррифӣ аз ҷониби намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” ба иштирокдорон оид ба таъминоти барномавӣ барои таҳияи ҳисоботи мутамарказ ва фаъолияти низоми автоматишудаи бонкӣ (низоми амалиётҳо) дар низоми бонкдории исломӣ маълумот манзур гардид. Зимни муаррифӣ вобаста ба таҷрибаи амалии истифодаи хисоботҳои таҳлилӣ ва идорӣ дар бонкҳои марказӣ, шакли ҳисоботдиҳии марказонидашуда, инчунин ҷорӣ кардани низоми амалиётҳои (транзаксияҳои) бонкдории исломӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Туркия, Қирғизистон ва Озарбойҷон маълумот дода шуд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур шиносоӣ бо низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи бонкдории исломӣ барои бонкҳои марказӣ, омӯзиши таҷрибаи амалии бонкдории исломӣ ва таҷрибаи беҳтарини ин низом дар кишварҳои ҷаҳон ба ҳисоб рафта, иштирокдорон дар қисмати муҳокимаронӣ бо дарёфти посух ба саволҳои худ дониши худро дар ин самт боз ҳам мукаммал намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки чорабинии мазкур бо иқдоми Бонки миллии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурд бо иштироки намояндагони ширкати “GaiaBilgi Sistemleri Sanayi ve Ticaret Ltd” (Туркия) ва мутахассисони Департаменти технологияҳои иттилоотӣ ва Департаменти назорати бонкӣ доир гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.